Барномаи

Вақти бурд

Барнома бо дархости сершумори сокинони минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд пешкаши тамошобинон мегардад. Вақти бурд (Поле чудес) аз давр, давраи нимниҳои ва ниҳои иборат буда, дар як давр 3-нафари хоҳишмандони қаблан номнавис шуда иштирок менамоянд, ки вобаста ба шартхои барнома иштирокчиён соҳиби бурд мешаванд. Дар рафти барнома роҳбари лоиҳа ва ровии он Шермуҳаммад Шерматов саволҳоро аз соҳаҳои мухаталифи кишвар пешкаш меномояд, ки иштирокдорон баъди чарх задани курс ва холҳои нишондода харфҳо ё калимаро пайдо мекунанд. Дар анчоми ҳар як бахши бози иштирокдорон соҳиби тӯҳфаҳо мешаванд. Ғолиби асосии бахшҳо ва давраи нимниҳоиву ниҳоиро тӯҳфаи махсус интизор аст, ки баъди ғолиб шудан барояшон аз ҷониби сарпарастон ва роҳбари лоиҳа тақдим карда мешавад. Барнома аз санаи 31-уми декабри соли 2016 дар рӯйхати барномаҳои телевизиони “ТАНИН” ворид карда шудааст.