Барномаи

Паёми рӯз

Барномаи “Паёми рӯз” иттилоотӣ буда, ҳамарӯза ба ҷузъ рӯзҳои истироҳатӣ давоми 18 соати пахши ТВР “Танин” 3 маротиба пешкаши тамошобинон карда мешавад. Дар барномаи иттилоотии “Паёми рӯз” асосан хабару гузоришҳои маҳалливу минтақавӣ ва ҳамчунин хабарҳои хориҷӣ кишвар инъикос меёбад. Дар барномаи мазкур ҳамчунин аз дастоварду камбудиҳои соҳаҳои гуногуни Хоҷагии Халқи МИҲД вилояту шаҳри Хуҷанд хабару гузоришҳо омода ва пахш мегардад. Дар барномаи иттилоотии “Паёми рӯз” 3 нафар наттокон, 3 нафар хабарнигорон, 2 нафар наворбардорон ва 1 нафар танзимгар фаъолият намуда, роҳбарии шуъбаро Сино Ғафурӣ ба уҳда дорад. Давомнокии барномаи иттилоотии “Паёми рӯз” 20-25 дақиқаро фаро гирифта, дар он 3-4 гузоришҳои иттилоотиву таҳлилӣ , хабарҳои кӯтоҳи маҳалливу хориҷӣ ва обу ҳавои кишвар ҷой дода шудааст.