Барномаи

Ҳуқуқи шумо

“Ҳуқуқи Шумо” барномаи мустақим буда, давоми ҳафта рузи Панҷшанбе аз соати 07:30 то 08:30 пахш мегардад. Дар барнома коршинос, ҳуқуқшинос ба саволҳои бинандагон посух мегуяд. Дар барнома ҳамчунин бинандагон тавассути сомонаҳои иҷтимои: Viber: (92) 644-55-33 ва mail.ru: Tanin.hukuki.shumo@mail.ru давоми ҳафта ирсол менамояд, ки дар рафти барнома коршинос ба саволҳояшон посух мегуяд. Давомнокии барнома 1 соатро дарбар мегирад. Асосан сокинон ба проблемаву мушкилоти ҳуқуқи, ки ба он ру ба ру гардидаанд мисоли гирифтани алимент, фарзандхонӣ, мушкилоти бонкӣ ва монанди ин муроҷиат намуда ба саволхояшон посух мегиранд. Ҳадафи ташкили барномаи “ҲУҚУҚИ ШУМО” расидаги намудан ба мушкилоти сокинон ва ба ин васила баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Муҳаррири барнома Сино Ғафурӣ ва коршинос Муҳаббат Ҷӯраева мебошад.