Барномаи

Файзи саҳар

Барномаи мустақими “Файзи саҳар” аз санаи 24-уми октябри соли 2014 то ин ҷониб тариқи телевизиони “Танин” ҳар субҳи рӯзи корӣ аз соати 06:10 то соати 08:00 ва субҳи рӯзи истироҳатии шанбе ва якшанбе аз соати 07:00 то соати 09:00 ба таври мустақиман пахш мешавад. Дар рафти барнома аз ҷониби муаллиф ва муҳаррири барнома Қудратулло Раҳматуллоев зангҳои телефонии тамошобинон қабул гардида, доир ба мавзӯи матараҳшаванда бо пешниҳоди сабти мутахасиссон, порчаҳо аз намоишномаҳо ё филмҳои киностудияи “Тоҷикфилм”, ки ҷиҳати тарбияви доранд, пешкаш мешавад. Дар баробари ин ҳамчунин барномаи мазкур 20 бахшҳои гуногунро дар бар мегирад, ки ҳамарӯза 5-бахш пахш мешавад. Ҳамчунин дар барномаи мустақими “Файзи саҳар” меҳмонон аз соҳаҳои мухталиф ва устодони санъати тоҷик даъват карда мешаванд, тамошобинон имкон пайдо мекунанд саволҳои худро доир ба мавзӯи интихобшуда ба меҳмони барнома пешкаш намоянд. Бахшҳо: Варзиши пагоҳирӯзӣ, Ҳикмати субҳ, Толеънома, Анъанаҳои ниёгон, Пурсиши афкор, Шифо, Дорухонаи табиат, Маориф ва замон, Маслиҳати бону, Таббох, Дастони моҳир, Дар меҳмонии Танин, Сайри кишвар, филми тасвирӣ ва ғайра.