Барномаи

Чойхонаи Танин

Барномаи мазкур барномаи тоза эҷод буда, дар як моҳ 2- маротиба ба таври сабти муддати 1-соат пешкаши бинандагон мегардад. Хотирасон мешавем, ки сабти такрории барнома субҳи рузи дигар соати 10:00 пешкаши тамошобинон мешавад. Ҳадафи таҳияи ва пешниҳоди барнома ин аст, ки пирони рӯзгор дида дар рафти барнома ба тамошобинон маслиҳатҳои муфид, ёдовари аз давраҳои ҷавонӣ, латифаҳо, дастовардҳо, рузгордорӣ ва ғайра қисса мекунанд. Бояд гуфт, ки дар рафти барномаи мазкур ҳамчунин аз ҷониби муҳаррир 3-бахш пешкаш мешавад. Дар барнома сарояндаҳои сурудҳои классикӣ вобаста таъби пирони рузгордида даъват карда мешаванд. Барнома бо 3- адад камераи наворбардорӣ ва дигар таҷҳизотҳои муосир ба навор гирифта мешавад. Ҳар барнома дар минтақаҳои гуногуни маҳалҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сабт мешавад.