Барномаи

Тиббӣ 36,6

Барномаи тиббии 36,6 ҳафтае як маротиба ба таври сабтӣ муддати 30-40 дақиқа шоми шанбе соати 19:00 пешкаши тамошобинон мегардад. Дар рафти барнома муҳаррир бо мутахассисони соҳаи тандурустии вилоят доир ба бемориҳои гуногун суҳбатхо намуда вобаста ба мавзуъи матраҳшаванда бахшҳоро доир ба солимӣ дар барнома ҷо менамоянд. Дар барнома мутахассисон доир ба пешгирӣ, табобат, усулҳои нави табобату ҷарроҳӣ, гиёҳдармонӣ ва ғайра маълумот медиҳанд. Хотирасон мешавем, ки бештар мавзуъҳои барнома аз ҷониби тамошобинон интихоб мешавад, ки тариқи телефони (8 34 22) 2-90-99 тули ҳафта метавонанд тамос гиранд.