Барномаи

Як рӯзи Як шахс

Барномаи “Як рӯзи Як шахс” фарҳангӣ буда, мақсади таҳияи он аз як рузи шахсони шинохта маълумот додан аст. Барномаи мазкур моҳе 2 маротиба таҳя гардида, ҳар ҳафта шоми якшанбе соати 19:00 ва рузи душанбе соати 10:00 тариқи эфири ТВ “ТАНИН” пешкаши омма мегардад. Бояд гуфт, ки муаллифи барнома Шермуҳаммад Шерматов буда, таҳиягарони он Маҳмудхон Аҳрорӣ ва Фирӯз Турсунов ба ӯҳда доранд. Рафти барнома: Давомнокиаш тахмин 50 дақиқаро дар бар гирифта, як қисми барнома пинҳонӣ наворгирӣ мешавад ва қисми дигараш бошад, бо иҷозати худди қаҳрамони барнома ошкоро. Бояд гуфт, ки нахуст барнома санаи 16-уми марти соли 2016 бо иштироки овозхони шинохта Фирдавс Муҳиддинов пешкаши тамошобинон гардидааст. Санаи 16-уми марти соли 2017 бошад, бо иштироки якчанд ситораҳои Суғдзамин 1-солагии барномаи мазкур ҷашн гирифта шудааст.